Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовара дар шаҳри Истаравшан
Дар асоси супориши Роҳабари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2023, №23320(24) санаи 14 июли соли 2023 ҷиҳати пешниҳоди таклифҳо оид ба такмил ва таҳкими асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии идоракунии маҳал, оид ба такмили фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, тақвияти масъулияти онҳо дар назди ҷомеъа, омӯзиши ҷараёни Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”-ро дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – масъули баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», муовини Раиси вилоят, раиси шаҳри Истаравшан, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фаъолони шаҳр ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбари гурӯҳи кории Кумита аз натиҷаҳои омӯзиш маълумот дод ва баъдан натиҷаи омӯзиши масъалаҳои болозикр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва баррасии масъала нишон дод, ки дар баробари дастоварду натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар шаҳр масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки ислоҳу бартарафсозии он метавонад дар таъмини рушди босуботи шаҳр мусоидат намояд.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода бо натиҷагирӣ аз барррасии масъала суханронӣ намуда, нисбати ҷараёни татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, рафти амализосии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ва фаъолияти мақомоти маҳаллӣ фикру андешаи худро баён дошт.
Вобаста ба масъалаи рӯзнома қарордод қабул карда шуд.