Иқдоми навбатии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо иқдоми Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ, ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки рӯзи 26 декабри соли 2019 вобаста ба ташкили китобхонаҳои муосир ва баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва аз таърихи миллати худ, бохабар шудани ҷавонон ва толибилммон баён доштанд, Кумита иқдом гирифт, ки ба муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал – майор Тошмуҳаммедов М.Д ба миқдори 48 адад китоб, ки асосан дар мавзӯҳои Эмомалӣ Раҳмон – Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад, Ваҳдатнома, Ваҳдат ва Истиқлолият қисми II, Ваҳдат зевари давлати миллӣ қисми III, Ҳафтхони Темурмалик, Шуҷоати Спитамен, Тулӯи Ҳақиқат, Тиллои Тоҷикистон бо тариқи ройгон тақдим карда шуд.