Шарҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026

Санаи 1 ноябри соли 2023 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026 баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зимни баргузории ҳамоиш коршиноси соҳа намояндаи Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Суҳайли зикри он дошт, ки мавҷудият ва фаъолияти бемонеаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз нишонаҳои муҳими давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад, ки Тоҷикистон маҳз ин роҳро пеш гирифтааст.

Инчунин,  аз ҷониби коршиноси соҳа мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли мазмун ва моҳияти ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ; ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гурезаҳо; нақши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии соҳавии он; таҳаввули ҳокимияти судии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *