Баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул гардидаанд, инчунин, як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд Камолзода Раҳматулло, пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.