Шанбегӣ дар Кумита
Санаи 23- апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумибашарӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ ва корҳои ободонӣ тамоми кормандони Кумита ширкат варзида, баҳри зебою озода гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.