ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШАРИФҶОН ҶУМЪАЗОДА БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР

14 июни соли ҷори дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи кории раиси кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ва раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло бо фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур намояндагони кумитаи рушди маҳаллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон дар ҳамроҳӣ бо раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло аз вазъи бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, рафти корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳолати тозагии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинос гардида, бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр мулоқот баргузор намуд.

Зимни мулоқоту сӯҳбатҳо раиси Кумита аҳолиро ба вусъати корҳои сохтмонӣ, таъмини нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, таъмини нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, ободию тозагии кӯчаву маҳал, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, сафарбаркунии кӯдакон лагерҳои тобистона, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон, таъмини нақшаи кишти такрорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор даъват намуд.

Вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  дар ҷамъбасти соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, инчунин барои тарғибу ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 27 апрели соли 2023, инчунин доир ба камбудиҳою норасоиҳое, ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи шаҳри Бохтар мавриди барраси қарор гирифт.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *