Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи таъмини ченаки ягона»-ро, ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» мубодилаи афкор намуда, ба ҷонибдории онҳо овоз доданд.
Дар ҷараёни иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд кардани Камолзода Раҳматулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул карда шуд.
Ҳамчунин дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ пас аз баррасии пешниҳодҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он, қабул гардиданд.
Бо ҳамин, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.