Ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввали соли 2023
Имрӯз 12 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон оғоз намуда, оид ба таҳкими коргузорӣ ва назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки фаъолияти Кумита барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳарсолаи худ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, бо ин васила сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал татбиқ гардида истодааст.
Вобаста ба ин, чораҳои андешидаи Кумита шароит фароҳам оварданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал ба роҳ монда шавад.