Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли 2023

13 апрели соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Шарифҷон Ҷумъазода раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони идораю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони боғчаҳои кӯдакон, раисони кумитаҳои маҳал, ходимони дин ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Дар баррасӣ ва музокираи масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд аз муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида шуда, фаъолияти ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва муовинони раиси шаҳр, сарпарастони соҳа, шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, раёсати молия, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар шаҳр, барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон барои рафъи мушкилоти мавҷуда вазифагузории мушаххас намуд.

Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки ба масъалаи ҷашнгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, раванди корҳои амалиро дар шаҳр ҳамарӯза зери назорат қарор диҳанд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *