Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг
06.08.2019 06:48, ноҳияи Балҷувон
6-уми августи соли равон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилоъ роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.
Ронандагон таъкид медоранд, ки аз сабаби валангор ва таъмирталаб шудани роҳ рафту омади нақлиёт дар фасли зимистон дар бисёр маврид қатъ мегардид. Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати Чайнароуди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Тибқи лоиҳа дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуда, роҳ ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ карда шудааст.
Ду купрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4 тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз мӯҳлат бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар соҳаи нақлиёт барномаву лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа зиёда аз 100 адад техникаи роҳсозӣ ба кор ҷалб гардида, 365 нафар ба кор таъмин карда шуданд. Аз ин шумора 315 нафари онҳоро коргарону мутахассисони маҳаллӣ ташкил доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми боздид аз роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд асфалтпӯш кардани роҳ баҳои баланд доданд. Сохта ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани роҳи автомобилгард туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ноҳияҳои Балҷувон-Ховалинг дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти иҷрои корҳои роҳсозӣ масолеҳи истифодашаванда аз ҷумла, асфалт санҷида шуда, баъди хулосаи мутахассисон истифода шудаанд. Бо мақсади таъмин кардани бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҷойҳои зарурӣ аломатҳои роҳ насб гардида, инчунин дар канори роҳ деворҳои ҳимоявӣ сохта шудааст.
Сохта ба истифода додани роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати роҳ имконият фароҳам меорад, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар дар тамоми фасл бемушкилӣ рафту омад намоянд. Сокинон таъкид медоранд, ки аз нав сохтани роҳи автомобилгард масофаи роҳро кӯтоҳ ва харҷи сӯзишвориро ҳам кам намуд.
Акнун тавассути роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, он барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.