Ҷаласаи ситоди гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо: «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

Ҷиҳати иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2023, №АП-318 оид ба баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» санаи  8 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ситоди гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо: «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагон аз вазорату идораҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон – ҷаласаи гурӯҳи кориро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос карда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, ин пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини кишвар, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба натиҷаи фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 суханро ба Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми роҳбари гурӯҳи корӣ дод.

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми роҳбари гурӯҳи корӣ, Шарифҷон Ҷумъазода иброз дошт, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷрокунандаи бевосита ҷиҳати иҷрои банди 5 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП- 318 дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 оид ба баргузории фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар соли 2023 корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.

Аз руи маълумотҳои дастрасгардида муайян карда шуд, ки  ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ гулу буттаҳои шинонида шуда 17 млн. 589 ҳазору 966 бехро ташкил додааст.  Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 9 млн. 474 ҳазору 701 бех аз ҷумла, гули лола 5 млн.700 ҳазору 917 бех, вилояти Суғд 580 ҳазору 370 бех, аз ҷумла, гули лола 545 ҳазору 222 бех, вилояти Хатлон 7 млн. 230 ҳазору  924 бех, аз ҷумла, гули лола 1 млн.188 ҳазору 134 бех, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 303 ҳазору 971 бех, аз ҷумла, гули лола 89 ҳазор бех шинонида шудааст.

Сипас Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд омода ва  баргузор намудани фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе махсусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки фестивали мазкур дар вилояти Суғд (шаҳрҳои Хуҷанд, Бустон, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт), вилояти Хатлон (шаҳрҳои Норак, Бохтар Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара, Кушониён Ҷалоллиддини Балхӣ, Носири Хусрав), шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб низ дар сатҳи баланд баргузор гардида дар чорабиниҳои ҷамъбастӣ аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва масъулини Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Ҳамзамон, Роҳбари гурӯҳи корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон барои бо муваффақият ҷамъбаст намудани даври ҷумҳуриявии фестивали зикргардида дар соли 2023 ба роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар назди аъзоёни гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазифагузорӣ намуд.

Даври ҷумҳуриявии фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, рӯзи 15 апрели соли 2023, соати 9 дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мегардад.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *