Корҳои ободонӣ дар Кумита
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ идома доранд.
Аз ҷумла, бинои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити кории кормандон мутобиқ гардонида шуда, намуди берунии бино низ ба худ шакли ҳозиразамонро соҳиб мегардад.
Минбаъд бино ва ҳуҷраҳои кории Кумита ба талаботи руз пурра мувофиқ гардонида шуда, айни замон суръати корҳои таъмиру тармим рў ба афзоиш дорад.
Мавриди зикр аст, ки баъди корҳои таъмирӣ дар атрофи бино ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида мешавад, ки ба он ҳусну таровати зебо мебахшад.