ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 9 январи соли 2019 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд.

 

Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар соли 2018 сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Давлатзода Н.С. маълумот дод.

 

 

 

 

 

 

Дар ҷамъбаст Раиси Кумита камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита таъкид карда, ба воҳидҳои сохтории Кумита барои соли 2019 вазифагузорӣ намуд.

Дар охир намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҷиҳати пешрафти фаъолияти кории Кумитаи рушди маҳал изҳори ақида намуд.