Гуруҳи кории Кумитаи рушди маҳал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Аз санаҳои 26 то 30 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои банди 2 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020,№14 вобаста ба таври ҷиддӣ таъмин намудани назорати иҷрои босифату саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳия ва ҷоннок кардани фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро корбарӣ намудан, аз тарафи кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру нощияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт ва Лахш сафари хизматӣ анҷом дода шуд.
Зимни сафари корӣ рафти иҷрои босифати саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани руҳия ва ҷоннок кардани фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, инчунин амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, гурӯҳҳои корӣ дар рафти омӯзиш аз камбудиву норасогии ҷойдошта ба масъулини соҳаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.