Нишасти матбуотӣ дар Кумита
Санаи 2-уми феврали соли 2022 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011,№АП-1729 ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2022,№26/10-26 Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба “Натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2021” дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида чунин изҳори андеша намуд.
Соли 2021 дар таърихи кишвари азизамон ҳамчун соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, сафару мулоқотҳои босамар ва руҳбаландкунандаи Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Ин сол аз нигоҳи таърихӣ соли дигаргуниҳои куллии фараҳбахш арзёбӣ гардида, сокинони мамлакат таҳти ҳимоят ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанаи сулҳу субботи комил ва ҳамдилию якдигарфаҳмӣ онро бо меҳнати фидокорона ва натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Дар ин радиф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани теъдоди зиёди корхонаи саноатӣ ва иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, арзи вуҷуд кардани миқдори зиёди хоҷагии деҳқонии нав ба афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ таъсири мусбӣ расониданд, ки ин ҳама аз фаъолияти устувори ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дарак медиҳад.
Ҷамъбасти фаъолият ҷиҳати амалӣ кардани нақшаи чорабинҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки сиёсати Ҳукумати мамлакат аз ҷониби сокинони мамлакат гарму ҷӯшон дастгирӣ мешавад. Дар ин корҳои созанда, ки аҳолии кишвар, махсусан соҳибкорону шахсони саховатпешаю хайрхоҳ дар маҳалҳо хеле фаъол буданд. Ин буд, ки бисёр мушкилоти мардум дар ин се соли охир роҳи ҳалли худро пайдо карда, дар саросари кишвар корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, дигар муассисаҳои хизматрасонӣ ба кор даромада, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ мусоидат карда шуд. Аз ҷониби дигар ба роҳ мондани корҳои бунёдкорӣ, ободу зебо намудани деҳаву маҳал, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои сатҳи маҳал боиси куллан дигаргун гаштани муҳити зист ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳли ҷомеа гардид ва иҷрои корҳо дар ин самт ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда акнун дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба тозагӣ идома хоҳад ёфт.
Дар анҷом хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъ гирифтанд.