Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал

26 октябри соли 2021 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.

Дар ҷаласа омӯзиши рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” дар ноҳияи Рашт мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, ки тариқи лавҳаи электронӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, намояндагони масъули вазоратҳои адлия, молия, маориф ва илм, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, КВД “Моҳии Тоҷикистон”, КВД “Саноати паррандапарварии Тоҷикистон”, раисони шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия дар ҷаласа ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки мавзуи рӯзнома аз ҷониби Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз рӯи моддаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” вобаста ба таъмини амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №АП-39 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, зикр гардидаанд (таъмини пешрафти иқтисодӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон, баробарии гендерӣ), амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақша чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 (соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, вусъати шуғли пурмаҳсул, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда) ва рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи муроҷиати шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ” пурра таҳлил гардида, аз масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳа ба соҳа пурсида шуда, барои ҳалли масъала вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби Ҳайати мушовараи Кумита қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.