11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» 11 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин нуктаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода 5 апрел зимни ҷаласа оид ба гузаронидани даври ҷамъбастии озмуни мазкур дар соли 2021, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир шуд, баён намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
Муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар гузориши худро доир ба натиҷаҳои баргузории озмун дар тамоми мамлакат манзур намуд.
Роҳбари гурӯҳ аз тамоми иштирокдони озмун, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар ин рӯз ширкат меварзанд, даъват ба амал овард, ки дастовардҳои беназири гулпарварии худро ба сокинони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Қосим Роҳбар зикр намуд, ки баргузории озмун дар тамоми ҷумҳурӣ нишон дод, ки мардуми тоҷик аз азал ба зебоипарастӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити зист, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, дар гулпарварӣ низ таҷрибаи бой доранд. Инчунин баргузории озмун ба эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина, ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи махсус мегузорад.