Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ иқтисодӣ, аз ҷумла Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби хусусии инноватсионӣ”, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир”, коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхона дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар, Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, бинои нави Маркази тибби Хатлон дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд.
Ҳамзамон, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар иншоотҳои таиноти гуногун, аз ҷумла: Маркази хизматрасонии тиббӣ ва меҳмонхонаи “Шоира”, Бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маркази хизматрасонӣ ва ҷойи истироҳати шаҳрвандон дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ва Гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро, ки бо иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сокинони шаҳр бунёд гардиданд бо шукӯҳу шаҳомат мавриди истифода қарор доданд.