Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб
Рӯзи 30 апрели соли 2019 ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб гузаронида шуд.
Рӯзномаи ҷаласаи сайёри ҳайати мушовара:
- Дар бораи натиҷаи таҳлили рафти татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2016 – 2020” дар давоми солҳои 2016 – 2018 ва вазъи иҷрои супоришҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2019 дар ноҳияи Варзоб.
- Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳаи якуми соли 2019.
Даъватшудагон: Неъматзода Маликшо – сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самад Зафар – муовини якуми Директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Мавҷуда Холиқ –муовини Раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, Ғуломзода Қурбон Ғулом – сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзод Шуҳрат – сардори Раёсати ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.