Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумита
Санаи 14-ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Президент ҷамъомад баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Қосим Роҳбар оғоз намуда, тамоми кормандони Кумитаро ба ин рӯз табрик намуд.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат,мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бояд қояд кард, ки идоракунии шакли Президентӣ ба мо барои вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамчун бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намуд. Дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ барои давлатдорӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ӯ шахсиятест, ки бо дили бузург ва иродаи бузург соҳиби эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст, хотиррасон намуд Раиси Кумита Қосим Роҳбар.
Ҳамчунин Раиси Кумита ба тамоми кормандони Кумита супориш дод, ки барои тарғибу ташвиқи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 дар бораи банди 34-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон гардидааст, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом диҳанд.
Дар фарҷом Раиси Кумита Қосим Роҳбар ба кормандони Кумита китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат”, ки зери назари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст тақдим намуда таъкид кард, ки дар ин китоб сухан аз осори илмиву таърихӣ, адабиву фарҳангии Сарвари давлат меравад, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Олимону донишмандони маъруф дар бораи арзиши баланди ин китоб изҳори назари хешро баён кардаанд, ки барои аҳли ҷомеа ва доираи васеи хонандагон муфид мебошад.