Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовара дар шаҳри Турсунзода
Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода бо роҳбарии Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони,Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ,меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур асосан ду масъала «Таҳлили рафти татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025” дар соли 2020, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 14 марти соли 2020,№13 тасдиқ гардидааст”ва «Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар семоҳаи якуми соли 2021 » мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якум истифода аз тахтаи электронӣ Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар оид ба вазъи иҷрои марҳилавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хоричӣ” дар шаҳри Турсунзода ва дар мавзуъҳои рушди соҳаи саноат,вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди сайёҳӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби тоза, рушди варзиш ва ҷавонон, суханронӣ намуда иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуд.
Сипас Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз вобаста ба мавзуъҳоии матраҳгардида андешаҳои худро баён намуда, дар мавриди беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва норасоиҳо дар ин самт гуфта гузашта, роҳҳои бартараф намудани онро пешниҳод намуданд.
Баъд аз маърузаи таҳлилии раиси Кумита дигар иштирокчиёни ҷаласа низ андешаҳои худро дар мавриди беҳтар гардидани нақшаҳои пешбинишуда изҳор намуданд. Дар хотимаи ҷаласа Раиси Кумита Қосим Роҳбар барои ҳамкорӣ ва муҳайё кардани шароити корӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи сайёр ба роҳбарияти шаҳри Турсунзода изҳори сипос намуд.