Рӯзи 20 апрели соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кории назди Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла:
1. Оид ба фаро гирифтани тамоми сокинони кишвар ҷиҳати таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Назорат аз болои иҷрои босифати саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вобасташуда.
3. Натиҷаи вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021.
4. Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир”.
5. Арзёбии раванди иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.06.2020, №389 тасдиқ гардидааст.
Ҷаласаи таҳти роҳбарии Раиси Кумита гузаронида шуда, вобаста ба масъалаҳои номбурда ва дигар масъалаҳои назоратӣ ба кормандони масъули Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа донишҷӯён – таҷрибаомӯзи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи
М.В. Ломоносов иштирок намуданд.