Сафари кормандони Кумитаи рушди маҳал дар шаҳри Турсунзода
Имруз як гурӯҳ кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Зимни сафар рафти иҷрои босифату саривақтии барномаҳои қабулшуда ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани руҳия ва ҷоннок кардани фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, инчунин амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Гуруҳи корӣ аз 02 то 05 марти соли 2021 дар шаҳри Турсунзода қарор мегиранд.