Таҷлили иди “Рӯзи Модарон”
Рӯзи 7 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаи идона бахшида ба “Рӯзи Модарон” баргузор гардид. Раиси Кумита бонувони Кумитаро бо идашон табрику таҳният намуд.
Оғози суханронии табрикортии Раиси Кумита, аз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” асос гирифта, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақому мавқеи волои занону духтарон дурбинонаву хирадмандона изҳори андеша намуда, бо такя ва нерӯи созандаи занҳо чунин баён доштанд: “Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудтест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳайёт мебахшад”.
Имрӯзро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан-модар таҷлил мекунанд.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо амри тасодуфӣ набуда, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.
Дар поёни ҷаласа ба бонувони Кумита туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.