Машғулияти идоравӣ дар Кумита
Санаи 12 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии Кумита оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” машғулияти идоравӣ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар доираи нақшаи тасдиқнамуда барои хизматчиёни давлатии Кумита ҳафтае як маротиба машғулиятҳои идоравӣ гузаронида мшавад, ки ин баҳри баланд бардоштани савияи касбияти кормандони Кумита мусоидат менамояд.