Ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосим Роҳбар суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар як давлат дорои рамз ва нишонаҳои давлатии ба худ хос мебошад ва онҳо ифодакунандаи мустақилияту соҳибихтиёрӣ ва баёнгари арзишҳои фарҳангӣ буда, таърихи миллати ин ё он давлатро иникос менамоянд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва Пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифии давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд”.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолу пойдории давлат ба симои онҳо зебоии тоза зам намуда, атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардида истодааст.
Бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат гирифт, иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гироми доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷамъбаст Раиси Кумита муҳтарам Қосим Роҳбар ба тамоми кормандони Кумита барору комёбиҳо таманно намуд.