Омодагӣ ба сайри гули лола
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018,№АП-1140 ва фармоиши Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2021,№008 дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, рӯзи 11 марти соли 2021 дар назди Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола”, омода намудани туҳфаҳо, диплом, сипоснома ба ғолибони озмун, инчунин иштироки фаъолона дар ҷамъбасти озмун дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба масъулини Кумита дастуру супоришҳо дода шуд.