Таъсиси китобхона дар Кумита

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паёми навбатӣ доир ба тарғиби китоб ва китобхонӣ, аз ҷумла баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ, дар ин замина ташкили китобхонаҳо дар ҳамаи муассисаҳову идораҳо ва ба ин восита ҷалби ҳар чи бештари сокинон, новобаста аз касбу кор ва хондани на камтар аз панҷ, китоби бадеӣ дар як сол ва инчунин ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир барои калонсолону хонандагон тибқи Фармоиши Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз 21 январи соли 2020 дар бинои маъмурии Кумита китобхона ташкил карда, аз ҷониби роҳбарият масъули китобхона муайян ва дар якҷоягӣ бо Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Низомномаи он таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар махзани китобхона асарҳои Пешвои миллат, осори шоирон ва нависандагони  муосиру классик ва адибони дигар миллатҳо гирдоварӣ  шудаанд.

Аз  ҳисоби маблағҳои буҷетии Кумита ба маблағи 4 ҳазору 870 сомонӣ китоб харидорӣ шуда, инчунин кормандони Кумита низ аз китобхонаи шахсии худ китобҳо тақдим намуда, ин иқдом идома дорад.