Баргузории ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар ноҳияи Шаҳринав
Рӯзи 22 апрели соли 2020 дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти амалишавии банди 22 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои солҳои 2019 – 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП1-1176 тасдиқ гардидааст, масъалаи “Таъмини дастрасии истеъмолкунандагон бо қувваи барқ дар деҳоти ноҳияи Шаҳринав” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ШСХК “Барқи тоҷик”, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар ҷаласа ширкат доштанд.
Қобили зикр аст, ки мавзуи рӯзнома аз ҷониби Гуруҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таҳлил гардида, рафти амалишавии он тариқи лавҳаи электронӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор қабул гардид.