Табрикоти Раиси Кумита ба фарорасии Иди байналмилалии “Наврӯз – 2019”
Рӯзи 19 марти соли 2019 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷаласаи идона бахшида ба фарорасии Иди байналмилалии “Наврӯз – 2019” баргузор гардид. Раиси Кумита кормандони Кумитаро бо ид табрику таҳният намуда аз ҷумла чунин иброз намуд:
“Инак ба кишвари мо боз фасли баҳор омад. Баҳори сулҳу дустӣ, баҳори дастовардҳои нав дар пешрафти кишвар, баҳори ваҳдату ҳамбастагӣ дар сар то сари кишвари тоҷикон. Қабл аз ҳама мо бояд шукргузорӣ аз он кунем, ки ин иди миллиамонро, ки имрӯз ҷаҳонӣ шудааст маҳз бо заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз мегирем. Шукрона аз он мекунем, ки чунин роҳбари арзанда ва бо тафаккури баланди сиёсиро ба мо Худованд ато кардааст ва баҳори пуршукуҳу фазои идонаи кишвари мо маҳз бо ҳамин ном иртибот мегирад. Яке аз иқдомҳои ҷасурона ва ифтихормандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон эҳёи суннатҳои қадимаи миллӣ ва онҳоро дар даврони соҳибистиқлолӣ маъною рӯҳи тоза бахшидан буд. Баргузории ҷашнҳои бузургони илму адаб, таҷлили таърихи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, боло бурдани мақоми фарҳангии Шашмақом, ба феҳрасти ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид намудани як силсила ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, аз ҷумлаи иқдомҳои ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Президенти муҳтарами мо мебошад. Дар қатори ин корҳои наҷиби Пешвои миллат алоқамандии хоссаи ӯ ба ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад.
Наврӯз ин қадимтарин, фарогиртарин ва комилтарин ҷашни солинавии олам аст. Оғози зуҳури он ҳанӯз пеш аз пайдоиши хат, ба ҳазорсолаи V–и то милод рост меояд. Аммо бо ин ҳама таърихи тулонӣ ва қадимият, Наврӯз ҳамеша падидаи нав ва Рӯзи нав аст. Наврӯз дар умқи таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориённаҷод шинохта шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи нав касб кардааст. Қадимтарин манбаеъ, ки дар он ҷашнгирии Наврӯз ёд оварда шудааст, ин китоби муқаддаси зардуштӣ “Авасто” мебошад. Пайдоиши Наврӯз тавре, ки дар китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст ба даврронии яке аз қадимтарин шоҳигарии форсҳо Пешдодиён рост меояд. Дар “Шоҳнома” бошад, Фирдавсӣ Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед алоқаманд мекунад. Аз баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки аввалин маротиба тахтро дар олам шоҳ Ҷамшед бо тиллои холис барои худ сохтааст ва ҳангоми баромадани офтоб онро ба баландтарин куҳ баровард, тилло бошад дар зери нурҳои офтоб рушноии баландеро пайдо кард, ки монанди Офтоб дурахшид. Мардум бошанд ин рузро Наврӯз номиданд ва аз ҳамон рӯз оғоз карда онро чун рӯзи нав ҷашн гирифтанд.
19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милалли Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 уми март ҳамчун Рузи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Наврӯзи ориёиасл дар саросари дунё эътироф гардид. Вожаи Наврӯз аз баландтарин ва мӯътабартарин минбари ҷаҳон садо дод ва акнун акси садои он дар ҳама олам танинандоз аст”.
Дар поёни ҷаласа Раиси Кумита ҳамаи корманони Кумита ва мардуми кишварро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, таманно намуд, ки хуршеди Наврӯзӣ барои ҳамеша макону манзили ҳар як тоҷику Тоҷикистониро равшану рахшон гардонад ва дар зери нурҳои ҳаётбахши он гули умеду орзуятон бишкуфад.