Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

30.03.2019 09:10, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд ва гуруҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд.

Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

facebook
twitter