Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола”

Рўзи 18 апрели соли 2020 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола»  дар ҷумҳурӣ барпо гардид. Шоҳҷаизаи асосӣ ва ҷой аввал ба шаҳри Душанбе ва ҷойи дуюм ба вилояти Хатлону  Суғд сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *