Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
17.03.2020 13:59, шаҳри Душанбе
17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии вакили кӯҳансолтар аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҷараён гирифт.
Пас аз тасдиқи регламент ва тартиби инъикоси иҷлосия тавассути ВАО ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суруди миллӣ садо дод.
Рӯзномаи иҷлосия иборат аз 9 масъала:
– Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи пешниҳод ва интихоб намудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи интихоб намудани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Дар бораи таъин намудани роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардида, ба муҳокимаи вакилон пешниҳод гардид.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома – “Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳайати комиссияро пешниҳод намуд. Вакилон ҳайати комиссияро тибқи овоздиҳӣ бо тавассути системаи электронии овоздиҳӣ тасдиқ намуданд.
Мувофиқи банди 23-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мекунанд.
Доир ба ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 Латифзода Рустам Барот суханронӣ намуда, номзади вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоирро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Сипас вакилон Тағойзода Сумангул Саид, Рустам Шоҳмурод ва Файзуллоев Машраб суханронӣ намуда, аз фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи кор дар мақомҳои гуногуни сохтори давлатӣ ёдовар шуда, номзади пешниҳодшударо дастгирӣ намуданд.
Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ дар корӣ ҷаласа танаффус эълон гардида, овоздиҳии пинҳонӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихобот баргузор гардид.
Бо тарафдории 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Идомаи ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир сурат гирифт.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодири Қосим вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ №40 – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти тоза интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ орзу карданд.
Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки вакилон бо дар назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафту ободии мамлакат мегузоранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуданд, ки 15 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо узви вобастаи Академияи илмҳо, 13 нафар доктори илм ва 15 нафар номзади илм мебошанд.
Аз ин шумора як нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 5 нафар доктор ва 3 нафар номзадҳои илмро бонувон ташкил медиҳанд.
Ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустиву аграрӣ ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.
Иштироки ин шумораи донишмандон дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бояд ба рушди қонунгузории кишвар такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд, таъкид карданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Парламент бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.
Изҳори итминон карда шуд, ки вакилон дар таҳия ва қабули қонунҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кӯшиши бештар мекунанд ва дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Қонун бояд бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул гардида, ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишаванда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, таъкид доштанд Президенти мамлакат.
Бинобар ин вакилонро зарур аст, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, бо дарназардошти манфиату мақсадҳои олии миллиамон барои беҳдошти фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош карда, тамоми донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро ба ин самт равона созанд.
Вобаста ба буҳрони сиёсиву молиявӣ ва бархӯрдҳои шадиди геополитикӣ дар ҷаҳон, ки онҳо метавонанд ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонанд, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва паст кардани шиддати чунин хатарҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем ва ҳамеша бо мардум бошем.
Дар ин раванд, вакилон бояд ҳамкориро бо интихобкунандагони худ дуруст ба роҳ монда, ба ҳалли масъалаҳои онҳо кумак расонанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори боварии интихобкунандагон бошанд.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи вакилонро ба фаъолияти Ҳукумат дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷалб карда, бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон, вазифаҳои худро, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муайян шудааст, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.