Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз – соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.
Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд.
Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу нерӯманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мо дар баробари эҳёи арзишҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам, мулоқоти Роҳбари давлатро бо аҳли зиё – олимону донишмандон, адибону эҷодкорон, намояндагони маориф ва санъату ҳунар ба ҳукми анъана даровардем, то бо кору фаъолияти онҳо ошно гардида, масъалаву мушкилоти ҳалталабро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.
Қобили зикр аст, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз нақши зиёиён назаррас буда, онҳо дар заминаи сарчашмаҳои бостониву таърихӣ рисолаву таҳқиқоти арзишманд ба чоп расонидаанд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлолияти давлатӣ бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоиро ба нақша гирифта, тамоми қаламрави кишвари азизамонро ба корзори бузурги заҳмати созанда табдил додаанд, ки як қисми онҳо дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Наврӯзи бостонӣ ба истифода дода мешаванд.
Донишмандони муҳтарам!
Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад.
Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем.
Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем.
Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки аз рӯйи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монад.
Илова бар ин, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.
Халқи тоҷик аз қадим ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд.
Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд.
Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд.
Ин раванди донишпарварӣ дар садсолаҳои баъдина низ идома ёфта, таҳқиқоти пурарзиш ва осори донишмандони тоҷик имрӯз ҳам аҳаммияти таърихиву илмии худро гум накардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад.
Дар ин раванд, мо ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масъулияти олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштем.
Ҳамчунин, як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмиро бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода, барои пешрафти илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардем.
Ҳозирини муҳтарам!
Вазъи илму маориф ва масъалаҳои вобаста ба рушди имкониятҳои зеҳнии мардуми кишвар дар шароити соҳибистиқлолӣ дар бисёр мулоқоту суханрониҳои мо ҳамаҷониба таҳлил гардидаанд.
Дар вохӯрии имрӯза тасмим гирифтем, ки андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён намоем.
Инчунин, дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас созем.
Вобаста ба хусусиятҳои замони ҳозира дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки мо бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки мо бояд ба пешрафти илмҳои бунёдиву техникӣ ва технологиву инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, мавзӯъҳои фармоиширо ба рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонем, ба тарбияи кадрҳои илм ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем ва маблағгузории соҳаҳои илмро, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таҷдиди назар кунем.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди душвориҳои зиёде, ки ба сари давлат ва халқи Тоҷикистон омаданд, мо на танҳо Академияи илмҳоро нигоҳ доштем, балки академияҳои соҳавиро таъсис дода, соҳаҳои илму маорифро дастгирӣ кардем ва муассисаҳои илмиву таълимиро дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷет маблағгузорӣ намудем.
Имрӯз дар Академияи илмҳо беш аз 2000 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 32 нафари онҳо аъзои пайваста, 52 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Яке аз вазифаҳои муҳимме, ки дар назди Академияи илмҳо қарор дорад, омода кардани кадрҳои илмӣ мебошад.
Ҳоло бо ин мақсад дар магистратура ва докторантураи ин муассисаи илмӣ 1500 нафар ҷавонон, аз ҷумла 650 нафар ё 43 фоиз ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Илова бар ин, солҳои охир беш аз 100 нафар муҳаққиқони ҷавон дар муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷи кишвар таҳсил карда, ҳоло дар сохторҳои Академияи илмҳо кору фаъолият мекунанд.
Вале бо вуҷуди ин, дар баъзе самтҳои илм шумораи кадрҳои дараҷа ва унвонҳои илмидошта нокифоя буда, аксари муассисаҳо ба ходимони илмии болаёқат ниёз доранд.
Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва ташкилоту корхонаҳо метавонад шоҳиди арзёбии вазъи таъминоти кадрии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии кишвар бошад.
Масалан, иқтидори кадрии Академияи илмҳо имрӯз назар ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 1985 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи номзадҳои илм 656 нафарро ташкил медод, вале имрӯз номзадҳои илм дар ин муассиса ҳамагӣ 360 нафарро ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли 1985 қариб 300 нафар камтар мебошад.
Бинобар ин, Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо ҷалби иқтидори илмии донишгоҳҳои мамлакат ва дигар муассисаҳои таҳқиқотӣ барномаи дарозмуддату фарогири тарбияи кадрҳоро бо дарназардошти ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ таҳия намояд ва дар самти тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Академияи илмҳо, инчунин, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотиро дар соҳаҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ ба уҳда дорад.
Бо ин мақсад дар назди раёсати Академияи илмҳо Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмиву таҳқиқотӣ фаъолият дорад, ки лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии фармоиширо баррасӣ менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло низ дар интихоби мавзӯъҳо саҳлангорӣ мушоҳида шуда, маблағҷудокунӣ ба илмҳои барои кишвар зарурӣ кам мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бояд якҷо бо Шӯрои ҳамоҳангсоз самаранокии маблағгузории буҷетии лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро аз нуқтаи назари супоришҳои имрӯза баррасӣ намояд ва механизмҳои муосири маблағгузории онҳоро тасдиқ ва амалӣ гардонад.
Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани рақобати озоди истеъдодҳо ба манфиати илм ва давлат тартиби вобаста кардани лоиҳаҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоиширо дар байни муассисаҳои илмӣ ва олимон бознигарӣ намояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ донишмандони Академияи илмҳо як силсила кашфиётро дар соҳаҳои риёзӣ, физика, химия, биология, геология, физиология ва генетикаи растаниҳо мавриди амал қарор додаанд.
Аммо дар замони пешрафти босуръати ҷомеа ҷустуҷӯҳои илмӣ талаботи давлатро қонеъ карда наметавонанд.
Масалан, мо имконият дорем, ки бо ёрии олимону муҳаққиқони ихтироъкори соҳаҳои физика, химия, технология, биология ва физиологияи растаниҳо истеҳсоли баъзе таҷҳизоти техникиро дар мамлакат ба роҳ монем ё навъҳои гуногуни тухмии зироатҳоро худамон истеҳсол кунем.
Вале бо вуҷуди он, ки мо захираҳои зиёд дорем, то ба ҳол тухмии бисёр навъҳои зироатро аз хориҷи кишвар ворид мекунем ва тамоми таҷҳизоту технология, ҳатто молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардумро низ аз берун харидорӣ менамоем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти институтҳои Академия ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва бо вуҷуди дастгириҳои давлатӣ корҳои илмии кормандони онҳо ба талаботи давлат кам ҷавобгӯ мебошанд.
Дар бештари корҳои илмии олимони мо мавзӯъҳо ва самтҳои таҳқиқ такрор шуда, қисми ками натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ мегарданд.
Маълум мешавад, ки робита миёни институтҳои Академияи илмҳо бо вазорату кумитаҳои соҳавӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудааст.
Вобаста ба ин, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки сохтори идории худро таҷдиди назар карда, самаранокии фаъолият ва назорати корҳои илмиву таҳқиқотиро дар тамоми муассисаҳои академӣ ва пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ таъмин намояд.
Инчунин, меъёри арзёбии корҳои илмиву таҳқиқотиро мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия ва ҷорӣ карда, минбаъд ҷобаҷогузории кадрҳо ва интихоби аъзои вобаставу пайвастаи Академияи илмҳоро тибқи ин меъёр ба роҳ монад.
Дар замонҳое, ки илм аз дастгирии давлат бархурдор набуд ва ҳамчун навъи шуури ҷамъиятӣ дар рақобати озод бо эътиқоду ахлоқ қарор дошт, тавонист садҳо нафар абармардони илми ҷаҳонӣ ва нобиғаҳоро ба майдон оварад.
Сабаб дар чӣ буд, ки олимони пешин чунин дастовардҳоро ноил шудаанд?
Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ, яъне дар замоне, ки барои рушди илм тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем.
Мусаллам аст, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва хусусан, илмҳои таҷрибавӣ (эксперименталӣ) ғайриимкон аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло маҳз бо ҳамин сабаб тақрибан тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд.
Мушкилоти зикршуда тарбияи мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи муосирро дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ ғайриимкон месозад.
Илова бар ин, озмоишгоҳҳои санҷиши сифати маҳсулот дар назди марказҳои савдо, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”, Хадамоти гумрук, Агентии “Тоҷикстандарт”, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва монанди инҳо низ фаъолияти худро бе таҷҳизоти зарурӣ ва маводи кимиёӣ наметавонанд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Ҳол он ки доир ба ин масъала ҳанӯз соли 2017 барномаи махсуси давлатӣ қабул гардида буд.
Бинобар ин, Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ вазифадор карда мешавад, ки сарфи назар аз мансубияти сохторӣ, тибқи талаботи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҷиҳати харидорӣ кардани таҷҳизот, ашё ва бахусус, маҳлулҳои кимиёиву биологӣ чораҷӯӣ намояд.
Ҳамзамон бо ин, Дастгоҳи иҷроияи Президент бо вазоратҳои адлия, молия, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ тартиби фаъолияти ин муассисаро баррасӣ карда, доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба низомномаи он пешниҳод манзур намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар самти таҳқиқи таърих, забон ва адабиёт, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик донишмандони Академияи илмҳо корҳои арзишмандеро анҷом дода, осори бебаҳои нобиғаҳои илму адабро ба чоп расонидаанд.
Аз ҷумла монографияи шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ ба нашр расида, китоби “Этногенез ва таърихи этникии тоҷикон ” ба чоп омода гардид, ки аҳаммияти зиёди илмӣ ва амалӣ дорад.
То ба имрӯз ба муносибати 5500-солагии Саразм як қатор рисолаҳо таҳия ва ба нашр омода шудаанд.
Ҳоло дар чандин мавзеъҳои таърихии кишвар корҳои бостоншиносӣ идома доранд.
Аммо бояд иқрор шуд, ки кор дар ин самт дар сатҳи қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст.
Мо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносиро бо таҷҳизот, техника ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда, донишҷӯёни ихтисосҳои бостоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои ҳамкорӣ бо онҳо сафарбар кардем, вале натиҷаҳои фаъолияти бостоншиносон қонеъкунанда нест.
Тибқи мушоҳида корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Тахти сангин, Ҳулбук, қалъаҳои Кӯлоб, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангуртут, Золи Зард, Носири Хусрав ва Саразм ба талабот ҷавобгӯ набуда, маводи муаррификунанда доир ба ёдгориҳои таърихии зикршуда таҳия нашудаанд ва дар масири хатсайри онҳо то ҳол корҳои таъмиру азнавсозӣ амалӣ нагардидаанд.
Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншинос мутахассис омода мекунанд, супориш дода мешавад, ки корҳои илмиву бостоншиносиро дар мавзеъҳои таърихӣ васеъ ба роҳ монанд ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ғайр аз ин, осори хаттии забонҳои гуногун, пеш аз ҳама, забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, арабӣ, хитоӣ ва русӣ вобаста ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон бояд ҷамъоварӣ гардида, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон карда шавад.
Дар баробари ин, мо бояд баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд, аз хотир набарорем.
Зеро ин кор ба рушди забони илм низ мусоидат мекунад.
Мо дар сохтори Иттифоқи нависандагон маркази тарҷума ва дар аксари донишгоҳҳо марказҳои илмӣ таъсис додаем.
Вазифаи онҳо маҳз тарҷума, баргардон ва бознашри осори арзишманди гузаштагону муосирони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба шумор меравад.
Гарчанде осори манзуму мансури адибони классикӣ ва муосир қисман таҳқиқу таҳия ва нашр шудааст, вале масъалаҳои таҳқиқталаб доир ба таърихи адабиёти тоҷик ҳанӯз хеле зиёд мебошад.
Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст, ки фарзандон ва наздикони олимону адибони фавтида китобхонаи волидайнашонро ба Китобхонаи миллӣ барои истифода месупоранд.
Ин китобҳо дар китобхона бо номи соҳибонашон нигоҳ дошта мешаванд ва хонандагон аз онҳо истифода мекунанд. Бо ин роҳ китобҳо аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мешаванд ва аз тарафи дигар, номи ин олимон абадӣ боқӣ мемонад.
Масалан, китобхонаҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Соҳиб Табаров, Раҳим Мусулмониён бо номҳои худашон дар Китобхонаи миллӣ ҳифз шуда, дӯстдорони илму адабиёт ва умуман ҷавонон аз онҳо истифода менамоянд.
Вобаста ба ин, ба олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва ҳамаи зиёиён муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки китобхонаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, то дигарон низ аз онҳо истифода карда, манфиат бинанд ва ғизои маънавӣ гиранд.
Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад.
Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ.
Ман андешаҳои худро доир ба вазъи забони давлатӣ ва илми забоншиносӣ дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забон муфассал баён карда, дар назди сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва олимони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта будам.
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда ва дастуру супоришҳои додашуда роҳбарону масъулон ва мутахассисони ниҳодҳои дахлдор вазифадоранд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ба омӯзиши масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, таърихи пурифтихору тӯлонии халқи тоҷик, таърихи адабиёт ва забони тоҷикӣ ҷиддӣ машғул шаванд.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар таъкид месозам, ки таърих, забон, фарҳанг, расму ойин ва маданияти либоспӯшии миллӣ арзишҳои ҳувиятсоз буда, оламиён мову шуморо, қабл аз ҳама, аз рӯи ҳамин сифатҳо мешиносанд ва эътироф мекунанд.
Имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд.
Илова бар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад.
Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад.
Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд.
Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад.
Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.
Аз ин рӯ, олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.
Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид.
Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем.
Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд.
Омӯзиш ва таҳлили равияҳои афзалиятноки илм дар Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо кишварҳои дигар собит месозад, ки ин самт ба бознигарӣ ниёз дорад ва камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Самту равияҳои афзалиятнок дар ин марҳала бояд, пеш аз ҳама, ба навсозӣ ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд.
Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки захираҳои зеҳнии мамлакатро ба самти таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар сафарбар карда, номгӯйи равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмиро дар муддати се моҳ аз нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар баробари Академияи илмҳо дар рушди илми ватанӣ саҳми академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ назаррас аст.
Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар сохтори Вазорати маориф ва илм фаъолият карда, масъалаҳои вобаста ба низоми таълиму тарбияро таҳқиқ менамоянд.
Олимони муассисаҳои илмии зикршуда илова ба таҳияи стандартҳои таълимиву фаннӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва омӯзиши масъалаҳои педагогикаи муосир нишондиҳандаҳои барномаву консепсияҳои давлатиро таҳлил карда, мониторинги сифати таълим ва иҷрои нақшаву барномаҳои таълимиро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ анҷом медиҳанд.
Лекин тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, фаъолияти ин муассисаҳои илмӣ чандон самарабахш нест.
Академияи таҳсилот ба масъалаи дурнамои рушди маориф бояд диққати аввалиндараҷа дода, доир ба мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиву дақиқ ва ташаккули зеҳнияти хонандагону донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.
Ҳоло дар кишвар ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад.
Аммо консепсияи мукаммал доир ба шакли идораи сохторҳои соҳаи маориф ва азнавсозии таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо то ҳанӯз таҳия нагардидааст.
Пажӯҳишгоҳ, инчунин, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мазмуну мундариҷаи воситаҳои таълим, пешниҳоди китобҳои дарсии ҷавобгӯи талаботи замони истиқлолият аз фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ ва тақсими соатҳо кам аҳаммият дода, доир ба усулҳои тағйир додану тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии техникии наврасон тавсияҳои нав надорад.
Аслан назарсанҷии асосҳои ислоҳоти соҳаи маориф бояд аввал тавассути сохторҳои илмии зикршуда анҷом ёфта, баъдан дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ карда шавад.
Вале, мутаассифона, пешравиҳо дар ин самт хеле кам ба мушоҳида мерасанд.
Аз ин рӯ, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифро зарур аст, ки вазъи амалишавии ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи Фармони Президенти мамлакат доир ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки ба таъмин намудани пешрафти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ташаккули салоҳиятнокии касбӣ равона шудааст, чораҳои зарурӣ андешад.
Дигар нуктаи муҳим ин аст, ки мо бояд бо такя ба таҷрибаи ҷаҳони муосир интихобу тарбияи кӯдакони болаёқату боистеъдодро аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ оғоз кунем ва таълими онҳоро мақсадноку дурбинона ба роҳ монем.
Мо барои расидан ба ин ҳадаф дар сохтори Академияи илмҳо бунёди мактаби зеҳниро оғоз кардем, ки солҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Дар мактаби мазкур барои таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, кӯдакону наврасони боистеъдод тавассути озмун қабул ва таълим дода мешаванд.
Ғайр аз ин, дар кишвар шабакаи литсею гимназияҳо ва мактабҳои Президентӣ ташкил кардаем, ки то имрӯз соҳиби дастовардҳои назарраси фаннӣ гардидаанд.
Ба фаъолияти ин муассисаҳо низ бояд эътибори ҷиддӣ дода, сифати таълимро боз ҳам беҳтар ба роҳ мондан зарур аст.
Минбаъд дар литсейҳои Президентӣ аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоӣ ҷиҳати омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ гурӯҳҳои мақсаднок таъсис дода, ба сатҳу сифати донишандӯзии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Фаъолияти кафедраҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва сифати омода кардани омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ низ беҳбудӣ мехоҳад.
Таъкид месозам, ки кафедраҳои тахассусии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ба навсозӣ ва ислоҳот ниёз доранд.
Дар ин самт соатҳои таълимӣ намерасанд ва дар барномаву нақшаҳои таълимӣ таносуби нобаробари соатҳо вуҷуд дорад.
Дар назди кафедраҳои тахассусӣ дар доираи лоиҳаҳо озмоишгоҳҳои нав таъсис ёфта, ташкили технопаркҳо ва устохонаҳои муосир имкони дар истеҳсолот амалӣ кардани баъзе ихтироотро муҳайё намудаанд.
Вале дар ин самт низ корҳои илмии амалӣ ба назар намерасанд, натиҷаи корҳои озмоишӣ ва сатҳу сифати таҳияи рисолаҳои илмӣ талаботи давлатро қонеъ карда наметавонад.
Ташкили корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ, таҳким бахшидан ба фаъолияти технопаркҳо, робитаи мустақими мактабҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолии ватаниву хориҷӣ роҳи дигари пайвастани илм бо истеҳсолот мебошад.
Талаботи рӯз чунин аст, ки рушди илмҳои дақиқ бояд таъмин карда, натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои вобаста ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, яъне “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз” ва “иқтисоди рақамӣ” таъсис дода шаванд.
Дар баробари ин, бояд масъалаи арзёбии рейтинги донишкадаву донишгоҳҳо низ такмил дода шавад.
Дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.
Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад.
Ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Инчунин, олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо ташаббуси мо соли 2009 дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд.
Ҳарчанд ки дар муддати фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ин муассиса як қатор усулҳои нави табобатро ҷорӣ кардааст, вале натавонист фаъолияти худро ҳамчун маркази илмӣ дуруст ба роҳ монад ва ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми тиб ноил гардад.
Боиси нигаронист, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии кишвар истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ҳол он ки табиати Тоҷикистони мо аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то имрӯз танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд.
Олимони кишварро зарур аст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои замони муосир истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд.
Ғайр аз ин, дар кишвари мо дар асоси ашёи хоми ватанӣ имкони коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни тиббӣ вуҷуд дорад.
Аммо ин имконият барои табобат ва сохтани техникаву таҷҳизоти соҳа кам истифода мешавад ва олимони кишвар бояд дар ин ҷода низ чораҳои мушаххас андешанд.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи олимони муассисаҳои таълимие, ки дар сохтораш фаъолият менамоянд ва аз ҳисоби мавзӯъҳои фармоишии соҳаи тиб ҷиҳати ҳалли камбудиҳо чораҷӯӣ карда, ба рушди илми тиб ва ихтирооти нав дар ин самт диққати аввалиндараҷа диҳад.
Вобаста ба мавзӯъ, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки узвият дар академияҳо на барои шуҳрату номи баланд ёфтан, балки ба хотири кашфиёту навоварӣ, хизмати содиқона ба илм ва халқи Тоҷикистон, тарбияи кадрҳо, риояи одоби илмӣ, яъне этикаи илмӣ ва интизоми корӣ бояд бошад.
Донишмандони арҷманд!
Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар ин самт мо Академияи илмҳои кишоварзиро таъсис додем.
Ҳоло дар сохтори ин муассисаи илмӣ 7 институт, 4 марказ, 2 пойгоҳи асосӣ ва 26 филиал, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва пойгоҳҳои хурди илмӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1120 нафар кор мекунанд.
Вазифаи асосии Академияи мазкур тавассути фаъолияти илмӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар ин самт ва мусоидат ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад.
Инчунин, Академия ба омода кардани кадрҳои баландихтисос ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ машғул мебошад.
Бо ин мақсад институтҳои Академия 60 мавзӯи фармоишӣ, 6 лоиҳа дар доираи барномаи рушди инноватсионӣ, 5 барномаи байналмилалӣ ва 6 лоиҳаро аз ҳисоби маблағҳои Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ амалӣ карда истодаанд.
Дар доираи ин мавзӯъҳо 78 қитъаи таҷрибавӣ ташкил шуда, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироат ва чорво, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касаливу зараррасонҳои зироату чорво гузаронида мешавад.
Ҳарчанд ки олимони соҳа дар бахшҳои мухталифи илми кишоварзӣ ба як қатор пешравиҳо ноил шудаанд, аммо дар шароити рушди босуръати илм навовариву ихтироот ва таҳқиқоту бозёфтҳои онҳо ҳоло ҳам қаноатбахш нестанд.
Масалан, мо даҳҳо навъи растаниҳо, дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои ҳамешасабзу мавсимиро то ба ҳол аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунем.
Инчунин, то ҳанӯз вазъи парвариши навъҳои меваю ангури ба содирот нигаронидашуда ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ба сифати тухми ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум, намудҳои серҳосили пахта, тухмии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба табиати кишвари мо мутобиқанд, беаҳаммиятӣ зоҳир мекунем.
Дар соҳаи чорводорӣ ҳам корҳои назарраси илмӣ каманд.
То ҳол натиҷаҳои фаъолият оид ба дурагакунии чорвои хушзот, навъҳои тоҷикии чорвои хурд ва калони шохдор хеле кам мебошанд.
Соҳибкорони мо зотҳои нави чорворо аз кишварҳои дигар ворид карда истодаанд, аммо чорвои маҳаллӣ, ки ба шароити мо мутобиқ мебошад, аз омӯзиш дур мондааст.
Олимони мо ҳатто таҷрибаи чорводорони пешқадамро дуруст намеомӯзанд ва ба зиёд кардани чорвои хушзоти маҳаллӣ кам диққат медиҳанд.
Мо аз олимони давлатҳои ҳамсоя дар масъалаи таҳқиқи ваксинаҳои чорво низ қафо мондаем ва аксари доруҳои ҳайвоноту паранда аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд.
То ба ҳол доир ба бунёди корхонаҳои фарматсевтии истеҳсоли доруҳои чорво ягон иқдом амалӣ нагардидааст.
Ба соҳаҳои парандапарварӣ, аз ҷумла парвариши мурғи марҷон, инчунин, моҳидорӣ, ки талабот ба маҳсулоти онҳо дар мамлакат зиёд мебошад, кам диққат медиҳем.
Ҳол он ки мо барои рушди ин соҳаҳо имтиёз муқаррар кардаем ва лоиҳаҳои фармоишиеро, ки дар ин самт таҳия мешаванд, аз ҷониби давлат маблағгузорӣ менамоем.
Вале ҳар сол ба кишвар ба маблағи 40-45 миллион доллар гӯшти паранда ворид мекунем.
Вобаста ба ин, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва институтҳои онро зарур аст, ки фаъолияти худро ба шароит ва талаботи рӯз мувофиқ гардонида, маблағҳои фармоишӣ ва лоиҳавиро ба масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ равона намоянд, низом ва сифати кору фаъолиятро куллан тағйир дода, ба корҳои илмӣ ҷиддӣ машғул шаванд ва ба рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин, вазифадоранд, ки ҳамкориро бо вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, институтҳои Академияи илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахши хусусӣ дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар корхонаву ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ муҳаррики асосии рушди илм мебошад.
Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки баъзе таҳқиқоти илмии олимони ихтироъкор, магистру аспирантҳо ва докторантҳо дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор иҷро ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд.
Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаи илму истеҳсолот мусоидат карда, натиҷаҳои хуб ба бор меоварад.
Дар кишвар олимоне, ки соҳиби патент мебошанд, хеле зиёданд.
Аммо онҳо танҳо рақамгузорӣ шуда, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои саноатӣ аз онҳо огоҳӣ надоранд ва ҷиҳати татбиқашон тадбире андешида намешавад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии илму истеҳсолот дар муддати се моҳ ба Роҳбари давлат ҷиҳати таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод манзур намояд.
Ҳамзамон бо ин, корхонаҳои истеҳсолиро зарур аст, ки бо мақсади боло бурдани самаранокии истеҳсолот ва замонавӣ сохтани раванди он технологияҳои илмталабро бештар татбиқ карда, ба ин васила имконияти ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмии кишвар васеъ намоянд.
Геология ва минералогия аз ҷумлаи илмҳоеанд, ки рушди онҳоро худи табиати Тоҷикистон тақозо мекунад ва дар ин самт барои таҳқиқот ва кашфиёту навоварӣ заминаи муосид вуҷуд дорад.
Кишвари мо, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз пурасрортарин мавзеъҳои ҷуғрофии олам дониста мешавад.
Аммо илми ин соҳаҳои мазкур дар мамлакати мо пеш нарафтааст ва дар онҳо камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд.
Дар ин самт барои ҳимоя ду шӯрои илмӣ вуҷуд дорад, аммо оид ба ин соҳаҳо рисолаҳои илмӣ дифоъ нашудаанд.
Соҳибкорони ватанӣ ҳар сол барои ба кишвар овардани сангҳои табиии ороишӣ беш аз 20 миллион доллар сарф мекунанд.
Вале геологҳои мо ягон пешниҳод ё лоиҳаи асосноки илмиро ҷиҳати истифода аз сангҳои табиии худамон ба Ҳукумат ё соҳибкорон пешниҳод накардаанд.
Аз ин рӯ, ба Саридораи геология ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфуз ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ, муайян кардани мавзеъи конҳои металу сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ё масолеҳи сохтмон, инчунин, коркарди онҳо чораҷӯӣ карда, доир ба ин масъала ҳар шаш моҳ ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд.
Инчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба омӯзиши масъалаҳои обу экология ва таҳияи пешгӯиҳои асосноки илмӣ дар ин бахшҳо эътибори ниҳоят ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ зарур аст, ки ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода шавад:
Якум. Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва қисми илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки бо дарназардошти дурнамои рушди илми ватанӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзӯъҳои фармоиширо бори дигар таҷдиди назар карда, сохторҳои худро ба шароити муосир мутобиқ гардонанд.
Дуюм. Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиби муосири “маблағгузории барномавӣ”, “маблағгузории дархости давлатӣ” ва “маблағгузорӣ бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ” – ро ҷорӣ намоянд.
Сеюм. Муассисаҳои таҳқиқотии ҳамаи сохторҳои илмӣ ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ шудани ихтирооти худ бо ниҳодҳои давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва саноатчиён ҳамкориро ба роҳ монда, ба ин корхонаву ширкатҳо барои маблағгузорӣ кардан ҷиҳати амалӣ гардидани дархостҳои илмиашон пешниҳод манзур намоянд.
Чорум. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷдиди сохтори Академияи илмҳои кишоварзӣ чораҷӯӣ карда, дар муддати як моҳ пешниҳодоти худро ба Роҳбари давлат манзур намояд.
Панҷум. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, корхонаҳои саноатӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, соҳибкорони истеҳсолӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимони тоҷик чораҷӯӣ карда, аз натиҷаааш ҳар шаш моҳ ба Шӯрои илм, маориф ва инноватисияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳангоми арзёбии вазъи бахши воқеии иқтисоди миллӣ нишондиҳандаи аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ истифода гардидани дастовардҳои илмии олимони тоҷикро ҳамчун индекси дастовардҳои инноватсионии дар амалия истифодашуда таҳия ва ҷорӣ карда, аз натиҷаи он ҳамасола ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.
Шашум. Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо маблағгузории Фонди президентии таҳқиқоти бунёдиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба соҳаи илм таъмин намоянд.
Академияи илмҳоро зарур аст, ки низоми маблағгузории мавзӯъҳои илмиро таҷдиди назар карда, маблағҳоро ба ҳалли масъалаҳое равона намояд, ки барои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат воқеан аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.
Ҳафтум. Ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ дода шуда, минбаъд он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
Дар робита ба ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар муҳлати се моҳ сохтори худро пурра таҷдид карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба мақоми миллӣ гирифтани Академияи илмҳо таҳия ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳаштум. Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки бо мақсади дастгирии олимон ва рушди илм баъди таҷдиди пурраи сохтори Академияи илмҳо дар хусуси то охири соли ҷорӣ бознигарӣ кардани андозаи маоши вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳо чораҷӯӣ кунанд.
Нуҳум. Бо мақсади баррасии доимии вазъи воқеии илму маориф, ҷараёни иҷро ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ ва татбиқи навовариҳои илми ватанӣ дар амалия пешниҳод мегардад, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шавад.
Шӯро бояд дар як сол на кам аз ду маротиба даъват гардида, дар он масъалаҳои мубрами соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Даҳум. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисону коршиносон комиссияи босалоҳият таъсис дода, фаъолияти панҷ соли охири тамоми пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмиро санҷида, аз натиҷааш ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.
Дастгоҳи иҷроияи Президент, инчунин, комиссияи махсус таъсис дода, вазъи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шуъбаҳои институтҳои илмии соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро омӯхта, устодону кормандони онҳоро аз аттестатсия гузаронад ва аз натиҷааш ба Президенти кишвар гузориш диҳад.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ гурӯҳи муштарак таъсис дода, вазъи кабинетҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои академияҳоро дар муддати чор моҳ омӯхта, ба Президенти мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Ёздаҳум. Ҳукумати мамлакат барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.
Дувоздаҳум. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» муаллимон ва омӯзгорони ҷавонеро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд, инчунин, дастовардҳои илмиву педагогӣ доранд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирии ҳаматарафа ва ҳавасманд гардонанд.
Сездаҳум. Хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо стипендияи Президентӣ хатм мекунанд, ба ихтисосҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ қабул карда шаванд.
Чордаҳум. Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳад ва дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намояд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созад.
Донишмандони гиромӣ!
Мо бо мақсади сари вақт ҳимоя кардани рисолаҳои номзадиву докторӣ ва гирифтани дараҷаву унвонҳои илмӣ соли 2014 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии атестатсиониро таъсис додем.
Аз замони таъсиси комиссия то ба имрӯз дар кишвар 56 шӯрои диссертатсионӣ ва 15 шӯрои экспертӣ таъсис ёфтааст.
Дар муддати се сол ба ин муассиса 651 рисола ворид шудааст.
Аз ин шумора 415 рисолаи илмӣ тасдиқ ва 30 нафар соҳиби дараҷаи илмии доктори илм, 379 нафар соҳиби дараҷаи илмии номзади илм гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, шумораи рисолаҳои илмии ҳимояшуда дар муқоиса бо кишварҳои пасошӯравӣ хеле кам буда, ҳоло ҳам дар муассисаҳои таълимиву илмӣ норасоии мутахассисони дараҷа ва унвонҳои илмидошта баръало эҳсос мегардад.
Дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ низ вазъият нигаронкунанда аст.
То имрӯз дар самти илмҳои гуманитарӣ 385 рисола ҳимоя шуда, дар соҳаҳои техникӣ, табиӣ ва риёзӣ 160 рисола дифоъ шудааст.
Яъне рисолаҳои доир ба илмҳои гуманитарӣ ҳимояшуда нисбат ба самтҳои техникӣ ва табиатшиносиву риёзӣ беш аз дуюним баробар зиёд мебошанд.
Ғайр аз ин, то ба ҳол доир ба соҳаҳои бисёр муҳим, аз қабили мудофиа, генетика, экология, заҳршиносӣ, силшиносӣ, физикаи электронӣ, динамика, электроникаи нерӯӣ, геохимия, манбаъҳои барқароршавандаи энергия шӯроҳои илмӣ таъсис наёфтаанд ва мутахассисони ин соҳаҳо дар кишвар ниҳоят кам мебошанд.
Ин нобаробарӣ ва номутаносибӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки дар ин самт камбудиҳо зиёд буда, сохторҳои дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои илмиву таълимӣ сари ин мушкилот ҷиддӣ андеша накардаанд.
Дар баробари ин, сатҳу сифати баъзе рисолаҳои ҳимояшуда ниҳоят паст буда, ба талаботи низомномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумат ҷавобгӯ нест.
Ҳамин боис шудааст, ки дар муддати се соли охир чандин рисолаҳои докториву номзадӣ қабул нашуда, қисми дигар барои ислоҳи камбудиҳо баргардонида шудаанд.
Гузашта аз ин, солҳои охир шахсоне, ки дар соҳаҳои ғайриилмӣ фаъолият карда, дар вазифаҳои масъул роҳбар мебошанд, аз рӯи ихтисосҳои аз самти фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф карда, бе навбат ҳимоя мекунанд ва соҳиби дараҷаҳои илмӣ мегарданд.
Вобаста ба ин, дастур медиҳам, ки чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд.
Минбаъд аъзои Ҳукумат, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони Роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешаванд.
Агар шахсони мансабдор хоҳиши иштирок дар озмунҳои дарёфти унвонҳои узви вобаста ва узви пайвастаи академияҳоро дошта бошанд, аввал ариза навишта, аз вазифа озод мегарданд, ба муассисаҳои академӣ ё таълимӣ ба кор медароянд, баъдан барои иштирок дар чунин озмунҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Рушди забони илмии тоҷикӣ дигар масъалаи муҳиммест, ки Академияи илмҳо ва Комиссияи олии аттестатсионӣ бояд ба он таваҷҷуҳ намоянд.
Дар баробари бо забонҳои хориҷӣ навиштани рисолаҳо мо бояд ба рисолаҳое, ки бо забони тоҷикӣ, яъне бо забони давлатӣ таълиф мешаванд, афзалият диҳем.
Илова бар ин, таъкид бояд кард, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд.
Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад.
Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд.
Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад.
Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст.
Зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд.
Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд.
Яъне ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ заҳмати ҷиддиву мунтазам, ҷустуҷӯҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад.
Маҳз бо чунин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем.
Бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) дар раёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, инчунин, ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Як сабаби ба мутолиаи осори илмиву адабӣ ҳидоят кардани Роҳбари давлат низ ҳамин масъалаи доғи ҷомеа мебошад.
Ба олимони ҷавон муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ҳар як сарчашмаро шахсан мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд.
Бо дарназардошти ин, ба Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки норасоиҳои зикршударо ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мунтазам мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷааш ҳар шаш моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.
Донишмандони муҳтарам ва
ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳамаи шумо муроҷиат карда, таъкид месозам, ки азбаски шумо дорои донишу сатҳи баланди зеҳнӣ ва татбиқкунандаи сиёсати давлат дар ин самт ҳастед, бо дарназардошти гуфтаҳои боло бояд дар таълими насли наврас ва тарбияи кадрҳо саҳми арзанда дошта бошед.
Ҳамчунин, назару пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои муҳимми рӯз, яъне беҳтар намудани омӯзиши ин фанҳо, тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар самти илмҳои мазкур ба Вазорати маориф ва илм ирсол намоед, то дар асоси дархосту андешаҳои шумо санади такмилёфта омода гардад ва Ҳукумат барои татбиқи он тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бо ин мақсад, зарур дониста мешавад, ки илова ба сомонаи Президенти мамлакат дар назди Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ сомонаҳои алоҳида таъсис дода, ҳар як пешниҳоди воридшуда омӯхта, санади зикршуда дар асоси андешаҳои мутахассисон омода ва ба Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ манзур карда шавад.
Дар баробари ин, ба вазорати маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот супориш дода мешавад, ки дар муддати шаш моҳ “Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” ва “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳоро барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, рушди илм дар ҳамбастагӣ бо се омил таъмин мегардад: аввалан, бо қадр кардани истеъдоди фитрӣ, сониян, бо муҳайё намудани рақобати солим ва озоди илмӣ ва сеюм, бо мавҷуд будани принсипҳои масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъолияти илмӣ.
Ғайр аз ин, зарар ва офати илм низ се манбаи субъективӣ дорад: якум, эътироф нашудани истеъдоди асил, дуюм, худбоварии мутлақ ва нашинохтани иштибоҳи худ ва сеюм, ворид шудани ғараз дар илм ва муносибатҳои илмӣ.
Ба ибораи дигар, рақобати озод, танқиди беғаразона ва бо муҳаббат ба кори эҷодӣ машғул шудан ҷавҳари илми асил мебошад. Ҳамчунин, андеша ва афкори мо бояд аз танқид натарсад.
Мо бовар дорем, ки олимону зиёиёни эҷодкор ва аҳли маорифу фарҳанг ба Ватану давлати хеш садоқати бепоён доранд, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ талош менамоянд, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ мегузоранд, хотираи таърихии халқро пос медоранд, ки ин ҳама бузургтарин сифатҳои зиёии асил мебошад.
Мо бояд ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем.
Бетарафӣ худ нишонаи марг аст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, асолати давлатдории миллиро ҳифз намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем.
Фаромӯш набояд кард, ки як сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ худро бетараф эълон кардани зиёиён буд.
Бо ин сабаб дидед, ки халқи тоҷик чӣ сахтиҳоро аз сар гузаронид.
Ба назари мо, воқеаҳои гузашта барои ҳар як шахси огоҳу солимфикр сабақи зиндагӣ ва мактаби худшиносиву худогоҳӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, биёед, Ватану давлатамон ва халқи азизамонро сидқан дӯст дорем, нисбат ба тақдири Тоҷикистони маҳбубамон бетарафу бетафовут набошем, ба қадри бузургонаш расем, наврасону ҷавононро тарбия намоем ва робитаи наслҳову замонҳоро устувор карда, ба сӯйи рушди кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузорем ва ин замину диёри биҳиштосоро ободу пешрафта гардонем.
Дар фарҷоми мулоқот мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи имрӯза ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо бо эътимоди комил ба қудрати созандаи зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат умедворем, ки онҳо ин камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор мешаванд ва бо дастовардҳои шоистаи худ Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар ин ҷода ба олимон ва зиёиёни кишвар барори кор хоста, бовар дорам, ки шумо дар оянда низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари ин соҳаҳо равона месозед.
Итминон дорам, ки бо осору таҳқиқоти илмӣ ва мавқеи ватандӯстонаи худ аз илми ватанӣ дифоъ мекунед ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар менамоед.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо – олимону кормандони соҳаи илму маориф, зиёиёни эҷодкор, адибон ва аҳли фарҳангу ҳунарро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрик гуфта, бароятон барори кор ва комёбиҳо орзу менамоям.
Саодатманду сарбаланд бошед!