Нишасти матбуотии Кумита
ДУШАНБЕ, 16.07.2019.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.07.2019, №26/10-172 дар бораи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 чораҷуӣ намуда, вобаста ба масъалаи мазкур фармоиши Раиси Кумитаи рушди маҳал таҳия гашта, аз 16 июли соли 2019, №58 тасдиқ гардидааст.
Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал тибқи Нақшаи тасдиқгардида рӯзи 16 июли соли 2019, соати 14:00 дар бинои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Кумита Исмоилзода Ёқуб Борон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок намуда, саволҳои додашудаи онҳо қонеъ гардонида шуд.