Кормандони Кумита Паёмро дастаҷамъона тамошо карданд
Рӯзи 26- уми декабри соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи Сомон ироа гардида, тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизонӣ намоиш дода шуд.
Дар толори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кормандон якҷоя аз суханрониҳои маслиҳатомез ва судманди Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тариқи оинаи нилгун баҳраманд гардиданд.
Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди, саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳарф зада, дар назди мутасаддиён вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.