Ҷаласаи Ҳайати мушовара дар Кумита
Рӯзи 3 январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Қосим Роҳбар оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита барои соли 2020 суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ вобаста ба “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба истифода дода шудани агрегати дуюми Нерӯгоҳи Обии Барқии “Роғун” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди маҳал нақши муҳим дошта, бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат барои пешрафти иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳал шаҳодат медиҳад.
Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2019 муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Салоҳиддинов Солор маълумот дод.
Сипас Сармутахассиси раёсати кор бо мақомоти маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Сайфиддин саҳми Кумитаи рушди маҳалро дар ташкилу баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола”, ки муҳтавои он аз вусъат додани корҳои ободонӣ ва бедор кардани ҳисси зебоипарастии сокинони кишварамон иборат буд, ёдовар шуд.
Инчунин ӯ қайд намуд, ки ташкили чунин озмун имкон дод, ки дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои ободонию созандагӣ тақвият дода шавад. Дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои аҳолинишини деҳоту шаҳракҳо ва деҳаю маҳаллаҳо обод гардида, гулҳои гуногун шинонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди маҳал дар ташкилу баргузории чорабиниҳои дигари сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва таъмини иҷрои онҳо, анҷом додани корҳои бунёдӣ дар маҳал ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон иштироки фаъолона дорад зикр намуд Раҷабиён Сайфиддин.
Дар фарҷом Қосим Роҳбар ба воҳидҳои сохтории Кумита вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1126 дар бораи банди 34-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ эълон гардида буд, оиди гузаронидани суҳбатҳо бо адибону шоирон, ҷалби кормандон бо китобхонӣ ва ташкил намудани китобхона дар Кумита супоришҳои мушаххас дод.