Гуруҳи кории Кумитаи рушди маҳал дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Аз санаҳои 17 то 22 майи соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои банди 2 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020,№14 вобаста ба таври ҷиддӣ таъмин намудани назорати иҷрои босифату саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳия ва ҷоннок кардани фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро корбарӣ намудан, аз тарафи кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дода истодаанд.
Зимни сафари корӣ рафти иҷрои босифати саривақтии барномаҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани руҳия ва ҷоннок кардани фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, инчунин амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Инчунин, гурӯҳҳои корӣ дар рафти омӯзиш барои ислоҳи камбудиву норасогии ҷойдошта ба масъулини соҳаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.