Ҷаласаи таҳлилии Кумитаи рушди маҳал дар ноҳияи Сангвор
Ҷиҳати иҷрои банди 2 Нақша – чорабиниҳои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт 24-26 июни соли 2019 баён доштанд, дар ноҳияи Сангвор рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласа бо иштироки муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон ва намояндагони Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав ва Ширкати саҳомии холдингии “Барқи тоҷик”, баргузор шуд.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Кумита ҳозиринро ба муносибати рӯзи Президент табрик намуд. Минбаъд дар ҷаласа паҳлуҳои хоҷагидории ноҳия, ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, захираву имкониятҳои ноҳия ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоӣ иқтисодӣ муайяну мушаххас карда шуд. Нимаи дуюми руз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод оид ба рафти баргузории Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал Исмоилзода Ёқуб Борон суҳбати корӣ анҷом дода шуд.
Муовини Раиси Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар мавриди рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушахасс дода, дар кори минбаъдаи онҳо муваффақият хост.