Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
09.04.2021 13:36, шаҳри Исфара
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.
Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315 миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ин ду маҳаллаи деҳоти Ворух дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.
Маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда” -и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим аллакай 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.
Хати оби нӯшокӣ бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонии маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” кашонида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои саривақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ҷалб шуда буд.
Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинонро тақвият бахшанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳа аҳолии ду маҳалла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти Ворух бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дастовардҳои зиёд ба миён омадааст.
Дар доираи иқдомҳои созандагии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили чандинсолаи аҳолии ду маҳаллаи аҳолинишини деҳоти Ворух ҳалли худро пайдо намуд.