Ҳисоботи муҳим
Бо пешниҳоди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии ҳисоботҳои мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфт. Оид ба ин масъала дар назди Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати саноат ва инвеститсияи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асматбекзода Фирдавс иштирок ва баромад кард.
Ҳадаф аз баҳисобгирии омории иншоотҳо шафофият дар рафти корҳои сохтмонӣ муайян кардани теъдоди шаҳрвандони ба ҷои кор таъминшуда ва дар оянда ба ҷои кор таъмин мешуда буда, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҳисоботҳои мазкурро вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дар муҳлатҳои муайяншуда, сари вақт ба Агентии омор пешниҳод намоянд.