КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии пазируфташуда аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду мустақил ба ҳисоб меравад. Он заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро таҳти чаҳорчубаи қонун зери танзим қарор медиҳад”.
Баъди воқеаи таърихии соли 1994 барои миллати Тоҷик, ҳар сол санаи 6 ноябр чун рӯзи фаромушношудани дар таърихи мардуми Тоҷикистон мемонад, зеро, ки дар ҳамин сана бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар кишвари тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25 солагии онро ҷашн мегирем. Ин рӯз барои миллати тоҷики Мо, санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлату миллатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳи он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то ба қабули Конститутсияи навини тоҷикон, 5 –маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касбӣ – Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд.
Тағйиру иловаҳои дуюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати арзиши оли эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳлати ваколатҳои Президент ба 7 сол дароз карда шуда, муҳлати ваколати судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол расонида шудаанд.
Тағйиру иловаҳои сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи навини Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Инчунин бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қойдаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст,зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Ин тағйиротҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодакунандаи арзишҳои башардустиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро дар давоми 25 сол таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Боиси шодиву нишоти мардуми мост, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст, зеро боби аввали он, ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст ва давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсуси худ қарор додааст.
Ба ин минвол дар ҷомеаи кунунӣ, ки асрҳо бо урфу одатҳои ниёгон шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устуворро дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми навиштаҷоти бахтномаи миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиши худ қарор диҳему барои донистани вазифа, уҳдадориҳо ва ҳифзу озодии худ аз он дар ҳаёти рӯзмараи истифода барем.