Рафти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ҳамоҳангсозиро бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод баҳри бартараф намудани мавзеъҳои зарардида аз заминларзаи рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли боло, Сумандара, Мазори боло, Мазори поён, Анваробод, Ғанишоб ва Сафедоби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод аз 23 июл то инҷониб бурда истодааст.
Барои омодагӣ ба соли хониши 2021 – 2022 сохтмони 4 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз сохтмони 2 адад муассиса аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 адад муассиса аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардида, корҳо дар ин иншоотҳо бо маром идома доранд.
Инчунин, дар 1 адад муассиса омода намудани таҳкурсии сохтмон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ки корҳо дар ин самт идома доранд.