Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
27.09.2019 15:06, шаҳри Душанбе
27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохили ҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳаллу фасл карда шуд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ”-ро ба муҳокима гузоштанд.
Масъалаи дувум ва асосии ҷаласа даъвати Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.
Зикр гардид, ки ба кор даромадани ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки чархаи дувуми он дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни истиқлол мавриди истифода қарор дода шуд, барои рушди иқтисодиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав ва рӯйдоди тозаи таърихӣ мебошад. Хусусан, дар сохтмони ин иншооти бузурги аср кормандони зиёди он узви фаъоли ҳизб мебошанд ва дар остонаи ҷашни истиқлол 40 нафари онҳо бо сипосномаҳои ҳизб ва дигар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус таъкид карда буданд, ки – ““Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”.
Бинобар ин, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбияро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо барои ҳизб афзалият дорад ин дар соли оянда баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ омода бошад.
Мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.
Масъалаи дигаре, ки Раиси ҳизб ба он таваҷҷуҳи махсус доданд, пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда мебошад. Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем.
Ташкилотҳои ҳизбӣ низ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот омодагӣ бинанд. Аз ҷониби Раиси ҳизб таъкид гардид, ки Анҷумани навбатӣ дар моҳи декабр баргузор карда шавад.
Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сатториён Матлуба – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷонибек Қозибек – раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Дадабоева Гулхумор – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, Маҳмадов Раҳматҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва Ҳамидиён Илҳомҷон – муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.