Озмуни маҳалла ва кӯчаҳои беҳтарин дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки масъули ташкили ин чорабиниҳо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштааст, эълон гардида буд.

Дар шаҳри Душанбе низ дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Дар чаҳрорчӯбаи ин озмун дар чор ноҳияи шаҳр озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кучаи беҳтарин” баргузор гардид.Комиссияи шаҳрӣ ҷаласаи ҷамъбастиро оид ба озмунҳои мазкур санаи 30 августи соли 2019 баргузор намуда, ғолибони ин озмунро муайян намуд.

Дар рафти баргузории озмун муайян гардид, ки дар маҳалла ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, нисбат ба солҳои гузашта шинонидани дарахтон, гулу буттаҳо ва майсазор зиёдтар ба назар мерасад. Инчунин намои хонаҳои истиқоматӣ, ҳолати тозагии кӯчаҳо ва нуктаҳои партовгирӣ беҳтар шудааст.

Дар озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ҷои якум насиби маҳаллаи “Дустии халқҳо”-и  ноҳияи Шоҳмансур гардида, ҷои дуюмро маҳаллаи “Хуҷандӣ” –и ноҳияи Сино гирифт ва ҷои сеюм ба маҳаллаи “Фирдавсӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Дар озмуни кучаи беҳтарин, ғолиби ҷои якум кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино гардид ва ҷои дуюму сеюм мутаносибан ба  кучаҳои Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва кучаи Соҳилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Ғолибони озмун,ки ҷойи аввалро ишғол намудаанд, соҳиби шаш ҳазор сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 1-и  мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ҷои дуюм Дипломи дараҷаи  2 ва 4 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм Дипломи дараҷаи се ва 2 ҳазор сомонӣ   дониста  шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои мазкур дар солҳои оянда тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Озмуни мазкур солҳои 2020, 2021 низ гузаронида шуда, ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *