Омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳал
Санаи 2-юми феврали соли 2022 ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.01.2022,№311 ва иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.2022 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида ҳозиринро хайрамақдам гуфта чунин иброз намуд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, таҳти № 968 “Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кишвар корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расид ва мақсад аз таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин дар як вақт идомаи корҳои оғозгардида ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, дар самти таъмини инфросохтори деҳаву маҳал, гузоштани замина ба таъмини нақшаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо бунёди корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти ватанӣ, ташкил ва тақвияти хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини хоҷагӣ, наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, кабудизоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ва дар маҷмуъ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми ҷаласа байни ҳозирин саволу ҷавоб ба миён омада, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъ гирифтанд.