Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо карданд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

– Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва

– Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.

Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, бо изҳорот баромад карданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *