Маҷлиси васеи кории назди Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 10 июни соли 2019, соати 830 дар толори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумита муҳтарам Қосим Роҳбар бо иштироки кормандони Кумита баргузор гардид. Дар он тадбирҳо оид ба роҳҳои амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 дар бораи “Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” мавриди омўзиши кормандон қарор дода шуд.
Вобаста ба муҳтаво, мақсад ва вазифаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Ҳайбулоев А. баромад намуда, қайд намуд, ки ин ҳуҷҷат барои таҳия барномаҳои маҳаллӣ мусоидат менамояд. Дар рафти баромад масъалаи мазкур аз ҷониби кормандони Кумита мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт.
Пас аз ин, Раиси Кумита муҳтарам Қосим Роҳбар вобаста ба фаъолияти Кумитаи рушди маҳал ва вазифаҳои минбаъдаи он ба кормандони Кумита супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир аз ҷониби Раиси Кумита Қосим Роҳбар ба аъзоёни нави ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба тозагӣ қабул шуда буданд билетҳои ҳизбиро супоранд. Ҳамин тариқ кормандони Кумита Холназаров Ҳ., Юнусов С., Латифзода Х. ва Ҷумаев И. бо ифтихор соҳиби билетҳои ҳизбии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гардиданд.