Ифтитоҳи Боғи “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
07.06.2019 21:31, шаҳри Душанбе
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.
Дар асоси супориши Пешвои миллат дар ин ҷо бояд майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта мешуд.
Инак боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.
Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Дар рафти азнавсозии боғ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гаштанд.
Тадбири азнавсозии боғ ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти кишвар ба роҳ монда шудааст.
Акнун хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.
Ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.
Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад.
Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.
Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.
Боғи мазкур бо ду ташноби зеризамини муҷаҳҳаз мебошад.
Равшании боғро баъди шом зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ таъмин менамоянд.
5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, зиёда аз 40 намуд, ки аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд ворид гардидааст, ба ҳусни боғ латофати махсусро зам менамоянд.
Ғайр аз ин гулҳои гуногунранги мавсимӣ зиёда аз 350 ҳазор дона шинонда шудааст ва масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъи боғ сабзазор карда шудааст, ки симои боғро боз ҳам зебо мегардонанд.
Дар қисми ҷанубии боғ маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст.
Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.
Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.
Куруши Кабир номгузорӣ шудани боғи нав бесабаб нест.
Куруши Кабир асосгузор ва шоҳи сулолаи ҳахоманишиён мебошад. Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруш ин буд, ки ҳахоманишиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардиданд.
Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озидиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст.
Ӯ аввалин Эъломияи Ҳуқуқи Башарро соли 539 пеш аз милод эълон карда буд. Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва санади таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳоновараш ирсол намуда буд.
Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳатию фароғатии фароҳамомада дар Боғи “Куруши Кабир” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ баҳри иҷрои босифати корҳо, бунёди боғи замонавӣ баҳои баланд дода, барои ташаббусҳои созанда изҳори сипос карданд.
Мавриди зикр аст, ки тайи як ду соли охир бо талошҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тозае ба худ гирифт.
Дар як муддати кутоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат амалӣ карда мешавад.