Тоҷикистон ватани наврӯз аст

Дар толори Кумита бахшида ба иди Наврӯз чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумита зикри он дошт, ки  Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табдили фасльои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз бо фарорасии баҳор манзилу ошёни моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад. Баъдан сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус  Одинаева Файзимо,  мутахассиси пешбари раёсати банаышагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Убайдуллои Саъдулло ва сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н. суханронӣ намуданд.

 Иди Наврӯз ва пойандози сабзе, ки фасли баҳор дар қаламрави  Тоҷикистон эҳё кардааст, моро ба ҷониби мақсад ва татбиқи олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона ҳидоят менамояд.

 Наврӯзи имсола барои мо саҳифаи нави ваҳдатро оғоз намуд.  Аз оғози соли равон диёри азизи мо бештару назаррастар ба арсаи ягонагӣ ва сарзамини сулҳу ваҳдати миллӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мубаддал гардид ва сафари Пешвои миллат ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар ин замина боз гардидани сарҳади давлатӣ, ба имзорасии якчанд шартномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар як вақт аз бузургии Пешвои миллат дар роҳи пиёдасозии анъанаву одатҳои наврӯзӣ муждарасон мебошад. Баргузории  тантанҳои ҷашнӣ бори дигар собит менамояд, ки Наврӯз дар кишвари мо ба иди халқӣ табдил ёфта, бо мазмуну анъанаҳои неки худ фарҳангии миллии моро пурғановаттар мегардонад.

 Дар ин лаҳзаҳои нусратбахш, айёми бедории табиат, фасли шукуфтану умедҳои тоза ба рӯзи фардои саршор аз фараҳ   фарорасии Наврӯзи байналмилалиро самимона табрику муборакбод намуда, зиндагии бофароғат, тани сиҳату офияти рӯзгор, бахту иқболи нек ва накӯтарин оромону ҳадяҳои наврӯзиро таманно дорам.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *